Пойбарҷой нест ҳамнафасам

Пойбарҷой нест ҳамнафасам,
Чӣ кунам, ӯст дастгиру касам.

Дар пайи гарди корвони ғамаш
Аз расулони нолаи ҷарасам.

Бар сари кӯи ӯ шабе гузарам,
Ки ҳимоят кунад сагу асасам.

Маҳрами пистаи лабат нашудам,
То нагуфтам туфайлию магасам.

Гуфтамаш:-Дил висол металабад,
Ростӣ, ман ҳам андар ин ҳавасам.

Гуфт:-Бо дил бигӯ, ки ҳолӣ нест
Моҳазар ҷуз ба ҳаҷр дастрасам.

Дил маро гуфт ҳам беҳ аз ҳечат
Ройгон ҳаҷр ёфтам, на басам?

Гӯядам Анварӣ, дар ин пайванд
Пой дар пешу пой бозпасам.

Гӯям, инак, аз ин-т мегӯям,
Пойбарҷой нест ҳамнафасам.