Кори ҷаҳон нигар, ки ҷафои кӣ мекашам

Кори ҷаҳон нигар, ки ҷафои кӣ мекашам,
Дилро ба пеши аҳду вафои кӣ мекашам.

Ин наъраҳои гарм зи ишқи кӣ мезанам,
Ин оҳҳои сард барои кӣ мекашам?

Баҳри ризои дӯст зи душман ҷафо кашам,
Чун дӯст нест, баҳри ризои кӣ мекашам?

Дил дар ҳавои ӯ зи ҷаҳоне карона кард,
Охир, нагӯядам, ки ҳавои кӣ мекашам.

Эй рӯзгори офият, охир куҷо шудӣ?
Боре биё, бубин, ки ҷафои кӣ мекашам.

Шаҳрест Анварию шабу рӯзи ин ғазал,
Кори ҷаҳон нигар, ки ҷафои кӣ мекашам.