Нав ба нав ҳар рӯз боре мекашам

Нав ба нав ҳар рӯз боре мекашам,
Бор набвад, чун зи ёре мекашам.

Ношукуфта з-ӯ гуле ҳаргиз маро,
Ҳар замон з-ӯ ранҷи хоре мекашам.

Гар балояш мекашам, айбам макун,
К-ин бало охир ба коре мекашам.

Заҳмати сармои сард аз моҳи дай
Бар умеди навбаҳоре мекашам.

Ишқ ҳар дам бар миёнам мекашад,
Гарчи худро бар каноре мекашам.

Кори ман рӯзе шавад ҳамчун нигор,
К-ин ғам аз баҳри нигоре мекашам.

Фахри вақти хештан донам ҳаме,
Ин ки аз хасмон-ш оре мекашам.

Бори ӯ натвон кашид аз ҳаҷру васл,
Пас, маро ин бас, ки боре мекашам.

Ту маро гӯйӣ «кашидӣ дарду ғам»,
Ман чӣ мегӯям, ки «оре, мекашам».