Эй орзуи ҷонам, дар орзуи онам

Эй орзуи ҷонам, дар орзуи онам,
К-аз ҳаҷр як шикоят дар гӯши васл хонам.

Донӣ чӣ гуна бошам, дар меҳнате чунинам,
З-он пас, ки дида бошӣ дар давлате чунонам.

Бо дил ба дард гуфтам, к-охир маро нагӯйӣ,
К-он хушдилӣ куҷо шуд? Дил гуфт:– Менадонам.

Оре, гарат биёбам, рӯзе ба ком ёбам.
Варна чунон-к бошад, з-ин рӯз дар намонам.

Гаҳ-гаҳ ба оби дида хурсанд кардаме дил,
Кор ончунон шуд акнун, он ҳам наметавонам.

Ман ин ҳама надонам, донам, ки мебарояд
Ҷонам зи орзуят, эй орзуи ҷонам!