Эй дӯсттар аз ҷонам, з-ин беш маранҷонам

Эй дӯсттар аз ҷонам, з-ин беш маранҷонам,
Магзар зи вафодорӣ, магзор бар ин сонам.

Ҷон буду диле моро, дил дар сари корат шуд,
Ҷон монда, чӣ фармойӣ, дар пойи ту афшонам.

Ман бо ту ҷафо накнам, ту одати ман донӣ,
Бо ман ту вафо накнӣ, ман толеъи худ донам.

Бо дилшудаи мискин чандин чӣ кунӣ хорӣ,
Эй кофири сангиндил, охир, на мусулмонам.

Бишкаст ғамат пуштам, бо ин ҳама азм он аст,
То ҷон бувадам дар тан, рӯй аз ту нагардонам.