Ҷоно, зи ғами ишқи ту имрӯз чунонам

Ҷоно, зи ғами ишқи ту имрӯз чунонам,
К-андар хами зулфи ту тавон кард ниҳонам.

Бар чеҳра аён гашт ба як бор замирам,
В-аз дида ниҳон кард ба як бор нишонам.

З-ин беш мамон дар ғами хешам, ки аз ин пас
Донӣ, ки агар бе ту бимонам, бинамонам.

Аз дасти фироқат агарам даст нагирӣ,
Зудо, ки фироқи ту барад даст ба ҷонам.

Ҳарчанд, ки андеша кунам, то ғарази ту
Аз куштани ман чист, ҳаме ҳеч надонам.