Ту донӣ, ки ман ҷуз ту касро надонам

Ту донӣ, ки ман ҷуз ту касро надонам,
Туӣ ёри пайдову ёри ниҳонам.

Маро ҷои сабр асту донам, ки донӣ,
Туро ҷои шукр асту донӣ, ки донам.

Бар онӣ, ки хунам ба хорӣ бирезӣ,
Барои ризои ту ман бар ҳамонам.

Маро гӯйӣ: Аз ман ба ҷуз ғам набинӣ,
Ҳамин аст, агар рост хоҳӣ, гумонам.

Гар аз васли ту шод гардам вагарна,
Ба ҳар сон, ки бошад, зи ғам дарнамонам.

Миёни ману ту ҳам андар ҳам омад,
Чу дар ҷустуҷӯи ту ҷон бар миёнам.

Аҷаб нест, к-аз Анварӣ бар каронӣ,
Маро бин, ки ӯям в-аз ӯ бар каронам.