Раҳ фарокори худ намедонам

Раҳ фарокори худ намедонам,
Ғами ман нестат, ба ғам з-онам.

Ошиқам бар туву ҳамедонӣ,
Фориғӣ аз ману ҳамедонам.

Накунӣ ҷуз ҷафо, ки нашкебӣ,
Накунӣ ҷуз вафо, ки натвонам.

Кофарӣ мекунӣ дар ин маънӣ,
Кофарам, гар кунун мусулмонам.

Гуфтиям: «То ба бӯса фармон аст»,
Гуфтамат: «То ба ҷон ба фармонам».

Гарчи бархостӣ ту аз сари ин,
Ман ҳама умр бар сари онам.

Кай ба ҷон баркашам зи ту дандон,
Чун зи ҷон хуштарӣ ба дандонам.

Мӯҳри меҳри ту бар нигини дил аст,
Тоҷи аҳди ту бар сари ҷонам.

Бо чунин мулк дар вилояти ишқ
Анварӣ нестам, Сулаймонам.