Туро ман дӯст медорам, надонам, чист дармонам?

Туро ман дӯст медорам, надонам, чист дармонам?
На рӯйи ҳаҷр мебинам, на роҳи васл медонам.

Напурсӣ ҳаргиз аҳволам, насозӣ чораи корам?
Набигзорӣ, ки бо ҳар кас бигӯям рози пинҳонам.

Дилам бурдию он гоҳе ба пандам сабр фармойӣ,
Макун таклифи новоҷиб, ки бе дил сабр натвонам.

Агар бо ман нахоҳӣ сохт, ҷонам ҳамчу дил бистон,
Ки бе васли ту андар дил ваболи дил бувад ҷонам.