Биё, эй роҳати ҷонам, ки ҷонро бар ту афшонам

Биё, эй роҳати ҷонам, ки ҷонро бар ту афшонам,
Замоне бо ту биншинам, зи дил ин ҷӯш биншонам.

Зи ҳоли дил ки маълум аст, ки ҳам ин буду ҳам он шуд,
Бигӯям шаммае бо ту, туро маълум гардонам.

Ба дандон музди ҷон хоҳӣ, ки ойӣ як замон бо ман,
Гувоҳ орӣ, раво бошад, ҳарифи оби дандонам.

Маро гӯйӣ: Чӣ дорӣ ту, ки пеши ман кашӣ онро?
Чӣ дорам, ҳар чӣ дорам ман, нашояд он туро, до-нам.

Яке дарёи хун донам, ки онро дида мегӯям,
Яке водии ғам донам, ки онро дил ҳамехонам.