Ман кӣ бошам, ки таманнои висоли ту кунам

Ман кӣ бошам, ки таманнои висоли ту кунам,
Ё киям, то ки ҳадиси лабу холи ту кунам?

Кас ба даргоҳи хаёли ту намеёбад роҳ,
Ман чӣ беҳуда таманнои висоли ту кунам?

Гилаи ишқи ту дар пеши ту натвонам кард,
Сокитам, то ки шабе пеши хаёли ту кунам.

Аз сари мардумие гар ту кулоҳе ниҳиям?
Мардуми чашму сарам тарфи даволи ту кунам.

В-ар ба чашми ту дарояд суханам, то бизиям,
Дар ғазалҳо сифати чашми ғизоли ту кунам.

Шеъри ман сеҳр шуду шуд ба камол аз пайи он,
Ки ҳаме васли ҷамоли бакамоли ту кунам.

Чашми ту сеҳри ҳилол асту ҳаром аст маро,
Шоирӣ ҳар чӣ на бар сеҳри ҳилоли ту кунам.