Боз чун дархурди ҳиммат мекунам

Боз чун дархурди ҳиммат мекунам,
Сар фидои теғи тӯҳмат мекунам.

Қимати як бӯси ӯ сад бадра зар
Гар кунам, бо ӯ хусумат мекунам.

Ман даҳон хуш мекунам, лекин куҷост,
Ваҳ, ки як ҷав з-он-ч қимат мекунам.

Дӯшам он дилбар гирифт андар канор
Як замон, яъне, ки раҳмат мекунам.

Бар сари он нуктае дарёфтам,
Гарчи донистам, ки заҳмат мекунам.

Чашм кардам шӯху гуфтам: «Эй нигор,
Бар сари по низ хидмат мекунам».