Бе ту, ҷоно, зиндагонӣ мекунам

Бе ту, ҷоно, зиндагонӣ мекунам,
В-аз ту ин маънӣ ниҳонӣ мекунам.

Шарм бод аз кори хешам, то чаро
Бе ту чандин зиндагонӣ мекунам.

Ту наву ман дар ҷаҳони зиндагон
Ростӣ бояд, гаронӣ мекунам.

Сабр гӯям мекунам, лекин чӣ сабр,
Ҳилате чунон ки донӣ, мекунам.

Аз ғамам шодию то бишнидаам,
Аз ғами худ шодмонӣ мекунам.

Дар ҳама роҳи таманно кардаме,
Бар сари раҳ дидабонӣ мекунам.