Дилро ба ғамат ниёз мебинам

Дилро ба ғамат ниёз мебинам,
Корат ҳама кибру ноз мебинам.

В-он ҷома, ки дӣ висоли мо будӣ,
Акнун на бар он тароз мебинам.

Сад гуна зиён ҳаме падид ояд,
Сармояи дил чу боз мебинам.

Онро, ки фалак ҳамекунад нозиш,
Ӯро ба ту ҳам ниёз мебинам.

Ҳин, чанд ки зулфи гирдаи ту
Бар дасти ғамат дароз мебинам.