Сари он дорам, к-имрӯз бари ёр шавам

Сари он дорам, к-имрӯз бари ёр шавам,
Бари он дилбари дурдикаши айёр шавам.

Ба хароботу маю мастаба имон орам,
В-аз муноҷоти шабу савмаа безор шавам.

Чунки шоистаи саҷҷодаву тасбеҳ наям,
Бошад, эй дӯст, ки шоистаи зуннор шавам.

Кор май дораду маъшуқу хароботу қимор,
Кай бувад, кай, ки дигар бар сари ин кор шавам?

Хӯрд бар айши хушам тавба фаровон зинҳор,
Бар бари май ҳаме аз тавба ба зинҳор шавам.

Ту агар мӯътакифи тавба ҳамебошӣ, бош,
Ман ҳаме мӯътакифи хонаи хаммор шавам.

Рав туву «қомат»-и муъзин, ки маро з-ин мастӣ
То қиёмат сари он нест, ки ҳушёр шавам.