Рӯз ду аз ишқ пушаймон шавам

Рӯз ду аз ишқ пушаймон шавам,
Тавба кунам, боз ба сомон шавам.

Боз ба як васвасаи деви ишқ
Бори дигар бо сари девон шавам.

Бас, ки зи ишқи ту агар ман манам,
Габр шавам бозу мусалмон шавам.

Булъаҷабӣ, ҷони ман, аз сар бинеҳ,
К-он чи кунӣ, ман ба сари он шавам.

Дӯст туӣ, кош бидонистаме,
К-аз ту ба пеши кӣ ба афғон шавам.

Ман ту нагаштам, ки ба ҳар хурдае,
Гаҳ ба фалон, гоҳ ба баҳмон шавам.

Аз буни дандон бикашам ҷаври ту,
Бу, ки туро бар сари дандон шавам.