Чӣ гӯйӣ, бо ту даргирад, ки аз банде бурун оям

Чӣ гӯйӣ, бо ту даргирад, ки аз банде бурун оям,
Ғаме бо ту фурӯ гӯям, даме бо ту баросоям.

Надорам ҷони он, лекин чу ту бо ман сухан гӯйӣ,
Мани бечора пиндорам, ки аз ҷойе ҳамеоям,

Маро, гӯйӣ, к-аз ин охир чӣ меҷӯйӣ, чӣ меҷӯям,
Камар то аз ту барбандам, фуқаъ то аз ту бикшоям.

Ғаме дорам, агар хоҳӣ, бигӯям бо ту, варна не
Бидорам даст аз ин маънӣ, ҳамон дасте ҳамехоҳам.

Ба ҷон гар бӯсае хоҳам, бидеҳ, чун дил гарав дорӣ,
Матарс, арчи тиҳидастам, валекин пойбарҷоям.

Агар дасте ниҳам бар ту, ниҳодам даст бар мулке,
Вагарна бе ту танг ояд, ҳаме офоқ дар поям,

Фироқат ҳар замон гӯяд, ки бигрез, Анварӣ, растӣ,
Агар ме ростӣ хоҳӣ, чу ҳинду нест парвоям.