То рахти дил андар сари зулфи ту ниҳодем

То рахти дил андар сари зулфи ту ниҳодем,
Бар рух зи ғами ишқи ту хуноба кушодем.

Дар кори ту ҷонро ба ҷафо нест гирифтем,
Дар роҳи ту рухро ба вафо рост ниҳодем

Дар орзуи рӯйи ту аз аз даст бирафтем,
В-андар талаби васли ту аз пой фитодем.

Чун фитнаи дидори ту гаштем ба ноком,
Дар бандагии рӯйи ту иқрор бидодем.

То бастаи банди аҷали хеш нагардем,
Аз банди ғами ишқи ту озод мабодем.

Не-не, ба аҷал ҳам нараҳем аз ғами ишқат,
Бо ишқи ту мирем, ки бо ишқи ту зодем.