Охир ба муроди дил расидем

Охир ба муроди дил расидем,
Худрову туро ба ҳам бидидем.

Аз зулфи ту тобҳо кушодем
В-аз лаъли ту шурбҳо чашидем,

Бе он ки фироқ ҳамнафас буд,
Бо ту нафасе биёрамидем,

Бар дасти ту тавбаҳо шикастем,
Бар тан зи ту ҷомаҳо даридем.

Нози ту ба табъи дил бибурдем,
Рози ту ба гӯши ҷон шунидем.

Бо мо ба забони расму одат
Зарқе, ки фурӯхтӣ, харидем,

Сар бар хати аҳди ту ниҳодем,
Хат гирди замона даркашидем.