Эй рӯйи хуби ту сабаби зиндагониям

Эй рӯйи хуби ту сабаби зиндагониям.
Якрӯза васли ту тараби ҷовидониям.

Ҷуз бо ҷамоли ту набувад шодмониям,
Ҷуз бо висоли ту набувад комрониям.

Ба ёди рӯйи хуби ту ар як нафас занам
Маҳсуб нест он нафас аз зиндагониям.

Дарди ниҳониест маро аз фироқи ту,
Эй шодии ту офати дарди ниҳониям.