Дил бидодему ҷон намехоҳем

Дил бидодему ҷон намехоҳем,
Хилвате ҷуз ниҳон намехоҳем.

Аз ниҳоне, ки ҳаст хилвати мо,
Пойи дил дар миён намехоҳем.

Хидмати ту маро зи ҷон беш аст,
Шояд, ар з-он, ки ҷон намехоҳем.

Ҳастии ҷону дил хусумати мост,
Ҳастии ҳардувон намехоҳем.

Бо ту бӯйи вуҷуди ҷон на хуш аст,
Луқма бар устухон намехоҳем.

Ману маъшуқаву бар ин мафзой,
Заҳмати дигарон намехоҳем.

Гар бувад шишае, набошад бад,
Мутрибе қалтабон намехоҳем.