Дармони дили худ аз кӣ ҷӯям

Дармони дили худ аз кӣ ҷӯям,
Афсонаи хеш бо кӣ гӯям?

Тухме, ки нарӯяд он, чӣ корам,
Чизе, ки наёбам он, чӣ ҷӯям?

Овард фироқ зардрӯйӣ
Дур аз рухат,эй санам, ба рӯям.

Эй Юсуфи Миср, бе рухи ту
Байтулаҳсон шудаст кӯям.

Андар раҳи ҳирс бо ду ҳамроҳ
Чун биму умед чанд пӯям?

Ман ташна бар он лабам, вагарчанд
Бар чеҳра ҳамеравад ду ҷӯям.

Бе санг шудам зи фурқат, оре
Вақт аст, агар на сангу рӯям.