Эй бандаи рӯйи ту худовандон

Эй бандаи рӯйи ту худовандон,
Девонаи зулфи ту хирадмандон.

Бозори ҷамоли рӯйи хубатро
Ороста раста-раста дилбандон.

Дар ҳар паси дар муҷовире дорӣ
Гирёну дар интизор дилхандон.

Чандин чӣ кунӣ ба ваъда дар бандам,
Айём вафо намекунад чандон.

Гӯйӣ, машитоб то ки вақт ояд,
Гар хоҳию гар на аз буни дандон.

Аз хӯи бадат шикояте дорам,
К-он нест нишони некпайвандон.

Ҳаҷрат ба ҷавоби он падид омад,
Гуфт ин-т ғам, Анварӣ, сару сандон.