Ишқ бар ман сар нахоҳад омадан

Ишқ бар ман сар нахоҳад омадан,
Пой аз ин гил барнахоҳад омадан.

Гарчи дар ҳар ғам дилам сурат кунад,
К-аз паяш дигар нахоҳад омадан.

Ман ҳамедонам, ки то ҷон дар тан аст,
Бар дил ин ғам сар нахоҳад омадан.

Умр берун шуд ба дарди интизор,
Васлаш аз дар дарнахоҳад омадан.

Чун ба ҳусн аз моҳ беш омад ба ҷавр,
З-осмон камтар нахоҳад омадан.

Гӯямаш: Ҳоли ман аз ишқат бипурс,
К-аз манат бовар нахоҳад омадан.

Гӯядам: Ҷоне кам ангор, Анварӣ,
Бе ту тӯфон барнахоҳад омадан.