Ошиқӣ чист? – Мубтало будан

Ошиқӣ чист? – Мубтало будан,
Бо ғаму меҳнат ошно будан.

Сипари ханҷари бало гаштан,
Ҳадафи новаки қазо будан.

Банди маъшуқ чун бибастат пой,
Аз ҳама бандҳо ҷудо будан.

Зери бори балои ӯ ҳама умр
Чун сари зулфи ӯ дуто будан.

Офтоби рухаш чу рух бинмуд,
Пеши ӯ зарраи ҳаво будан.

Ба ҳама меҳнате ризо будан,
В-аз ҳама давлате ҷудо будан.

Гар лагадкӯби сад ҷафо бошӣ,
Ҳамчунон бар сари вафо будан.

Ишқ агар устухонат ос кунад,
Санги зерини осиё будан.