Ҳам маслиҳат набинӣ рӯйе ба мо намудан

Ҳам маслиҳат набинӣ рӯйе ба мо намудан,
З-ойинаи дили мо зангори ғам зудудан.

З-он ҷо, ки рӯйи кор аст хуршеди осмонро,
Бо рӯйи ту чӣ рӯй аст ҷуз бандагӣ намудан.

Бар чист ин такаббур в-инро ҳаме чӣ хонанд,
Охир дилат нагирад з-ин хештан сутудан.

Дар давлати ту охир моро шабе бибояд
Зулфи кажат бисудан, қавли хушат шунидан.

Аҳсант валлаҳ, алҳақ, дорӣ рухони зебо,
Карда туро мусалло дар ҷумла дил рабудан.

Гуфтӣ, ки хуну ҷонат моро мубоҳ бошад,
Фармон турост, оре , натвон бар ин фузудан.