Оташ, эй дилбар, маро бар ҷон мазан

Оташ, эй дилбар, маро бар ҷон мазан,
Дар дили мискини ман дандон мазан.

Шарту паймон кардаӣ дар дӯстӣ,
Дӯстӣ кун, шарт бар паймон мазан.

Ҳаҷру васлат дарду дармони ман аст,
Мардумӣ кун, васл бар ҳиҷрон мазан.

Дидаи бахти маро гирён макун,
Гардани бахти маро хандон мазан.

Чашмро гӯ, дар рухам ханҷар макаш,
Зулфро гӯ, бар дилам чавгон мазан.

Пардаи ёқут бар Парвин мабанд,
Хаймаи санҷоб бар сандон мазан.

Ҷону дил чун ҳар ду ҳамроҳи туанд,
Гар мусулмонӣ, раҳи эшон мазан.