Эй бути яғмо, дилаш яғмо макун

Эй бути яғмо, дилаш яғмо макун,
Шодмон ҷони маро пайдо макун.

Рӯйи хуб аз чашми ман пайдо мадор,
Рози пинҳони маро пайдо макун.

Мулки зебоӣ мусаллам шуд туро,
Шукр онро, боз нозебо макун.

Дар сари кибру ҷафо ҳар соате
Бо чу ман савдоие сафро макун.

Бидҳам, ар имрӯз ҷон хоҳӣ зи ман,
Чун ба анҷоми манӣ, фардо макун.