Зи ман ҳуҷраи шоҳ пинҳон макун

Зи ман ҳуҷраи шоҳ пинҳон макун,
Ҷаҳон бар дили ман чу зиндон макун.

Саломе, ки мегуфтаӣ то кунун,
Агар бештар нест, кам з-он макун.

Агар дар дили ту мусулмонӣ аст,
Пас, оҳанги хуни мусулмон макун.

Сухан боз гирӣ зи чокар ҳаме,
Макун ҷон, макун ҷон, макун ҷон, макун.