Рӯйи хуби хешро пинҳон макун

Рӯйи хуби хешро пинҳон макун,
Дил ба дасти туст, қасди ҷон макун.

Ҳуҷраи бедод ободон махоҳ,
Хонаи сабри маро вайрон макун.

Ҳар замон гӯйӣ, бирезам хуни ту,
Рағми бадхоҳон магӯю он макун.

Сар магардон аз ману, эй ҷон, маро
Дар ҳавои хеш саргардон макун.

Анвариро беҷиноят, эй нигор,
Дар ғами ҳиҷрони худ гирён макун.