Шарм дор, охир, ҷафо чандин макун

Шарм дор, охир, ҷафо чандин макун,
Қасди озори мани мискин макун.

Пойе аз ғам дар рикоб овардаем,
Беш аз ин асби ҷафоро зин макун.

Дар ғами Моҳи гиребонат маро
Ҳар шабе доман пур аз Парвин макун?

Чанд гӯйӣ, ёри дигар мекунам,
Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун.

Бӯсае хоҳам, тамаъ дар ҷон кунӣ,
Нақд кардам, гиру ҳону ҳин макун.

Чун сабукрӯҳӣ, гаронкобин мабош,
Ҷони ширин, ноз ноширин макун.

Ишқро гӯйӣ, фалонро хун бирез,
Ишқро хун рехтан талқин макун.

Эй писар, иди туро қурбон басест,
Анвариро аз миён таъйин макун.