Зи ман баргаштӣ, эй дилбар, дареғо, рӯзгори ман

Зи ман баргаштӣ, эй дилбар, дареғо, рӯзгори ман,
Шикастӣ аҳди ман яксар, дареғо, рӯзгори ман.

Дилам ҷуфти ано кардӣ, ба ҳаҷрам мубтало кардӣ,
Вафо кардам, ҷафо кардӣ, дареғо, рӯзгори ман.

Дилам дар ишқи ту хун шуд, хурӯши ман ба гардун шуд,
Умеди ман дигаргун шуд, дареғо, рӯзгори ман.

Ту бо ман дил дигар кардӣ, ба шаҳру деҳ самар кардӣ,
Шудӣ, бори дигар кардӣ, дареғо рӯзгори ман.