Эй боди субҳдам, хабаре деҳ зи ёри ман

Эй боди субҳдам, хабаре деҳ зи ёри ман,
К-аз ҳаҷри ӯ шудаст пижӯлида кори ман.

Ӯ буд ғамгусори ман андар ҳама ҷаҳон,
Ӯ рафту нест ҷуз ғами ӯ ғамгусори ман.

Бекор нестам, ки маро ишқи ӯст кор,
Бе ёр нестам, чу ғамаш ҳаст ёри ман.

Ҳар гунае шумор гирифтам зи рӯи васл,
Ҳаргиз набуд фурқати ӯ дар шумори ман.

Ку он касе, ки кард шикоят зи рӯзгор,
То бингарад ба рӯзи ману рӯзгори ман?!

Пурхун дилу канор ҳамехонам ин ғазал,
Бирбуд рӯзгор туро аз канори ман.