Чу кард хаймаи ҳуснат таноби хеш маҳин

Чу кард хаймаи ҳуснат таноби хеш маҳин,
Хурӯши умр баромад зи осмону замин.

Ҷаҳониён ҳама волеҳ шуданду мегуфтанд,
Яке, ки ку тану ҷону яке , ки ку дилу дин?

Шигифт мондам дар боргоҳи давлати ту,
Аз он ки дидам аз ин дидаи ҳақиқатбин.

Равоқи ҳуҷраи дил сохт самт баҳри ту бахт,
Буроқи равзаи ҷон кард ақл баҳри ту зин.

Суол кардам дӯш аз хаёли булъаҷабат,
Ки аз чӣ ҳила шавам з-он ду лаъли шаккарчин.

Чу ёфт мӯйи ту дар кӯи дилбарӣ имкон,
Чу ёфт рӯйи ту дар роҳи ошиқӣ тамкин,

Зи ҷазъи ҳосил дарҳол шуд равон пайдо
Ба ҷодувони ҳазину ба сокинони ҳазин.

Яке ба ҳила ҳамегуфт: Мусӣ омад, ҳон!
Яке ба мужда ҳамегуфт: Исӣ омад, ҳин!