Эмин зи орази ту ин хатти сиёҳи ту

Эмин зи орази ту ин хатти сиёҳи ту
Гӯйӣ, ки ба Рум омад аз Занги сипоҳи ту.

Бар ғабғаби чун симат аз хатти сияҳ гӯйӣ
Мушк аст тарозанда бар турраи моҳи ту.

То абри туро дидам бар гирди маҳи равшан,
Чун раъд ҳаменолам ҳар лаҳза зи моҳи ту.