Эй қабои ҳусн бар болои ту

Эй қабои ҳусн бар болои ту,
Мояи хубӣ рухи зебои ту.

Ёди зулфат бурд оби рӯи сабр,
Оташи ғам гашт хоки пойи ту.

Сад ҳазорон дил ба ғавғо бурдаӣ,
Шаҳр пуршӯр аст аз ғавғои ту.

Ҳар чӣ хоҳӣ аз ситамкорӣ, бикун,
Менагардад чарх ҷуз бо рои ту.

Гар ба хидмат кам расад, маъзур дор,
К-аз ғами ту нестам парвои ту.