Турки ман, эй ман саги ҳиндуи ту

Турки ман, эй ман саги ҳиндуи ту,
Дурам аз рӯйӣ ту, дур аз рӯйи ту.

Бар лабу чашмат ниҳодам дину дил,
Ҳарду бар тоқи хами абрӯи ту.

Ман ба гардат кай расам, чун бодро
Оби рӯят пай кунад дар кӯи ту?!

Гӯйи аз ман бигзарон, менагзарад
Ин камонро ҳам туву бозуи ту.

Нест як найранги ту бе бӯи хун,
Гар маро рангест дар паҳлӯи ту.

Рӯзро рӯят ба силӣ хост зад,
Гар на дасте барниҳодӣ мӯи ту.

Зулфи марзангӯшро даври қабул
Бо саре шуд, бо сари гесӯи ту.

Моҳӣ аз хубӣ, хато гуфтам, наӣ
Пӯст сӯи ӯст, мағз аз сӯйи ту.