Эй ҷони ман ба ҷони ту, к-аз орзуи ту

Эй ҷони ман ба ҷони ту, к-аз орзуи ту
Ҳаст оби чашми ман ҳама чун оби ҷӯйи ту.

Эй ман ғуломи он хами гесӯи мушкбӯй,
Афтода дар ду пои ту аз орзуи ту.

Ҳар шаб хаёли рӯйи ту ояд ба пеши ман,
То рӯзи ман кунад ба сиёҳӣ чу мӯйи ту.

Бар банди нома мӯй ба наздики ман фирист,
То ҷон ба ҷои нома фиристам ба сӯйи ту.

Дар кӯи ту ба бӯйи ту ҷон медиҳам ба бод,
Гар бӯйи ту ба ман бидиҳад хоки кӯи ту.