Ҷурми раҳӣ дӯстии рӯйи ту

Ҷурми раҳӣ дӯстии рӯйи ту,
Офати савдои дилаш мӯи ту.

Дил нафаси ишқи ту танҳо занад,
Дар ҳама дилҳо ҳаваси рӯи ту.

Новаки ғамза мазан, он дон, ки ӯ
Куштаи ҳар ғамзадаи хӯи ту.

Ҳаст басе Юсуф Яъқубранг,
Пираҳане, к-ӯст дар ӯ бӯи ту.

Аз дари худ ошиқи худро марон,
Раҳм кун, ангор саги кӯи ту.