Эй мардумон бигӯед, ороми ҷони ман ку

Эй мардумон бигӯед, ороми ҷони ман ку,
Роҳатфизои ҳар кас, меҳнатрасони ман ку?

Номаш ҳаменаёрам бурдан ба пеши ҳар кас,
Гаҳ-гаҳ ба ноз гӯям: Сарви равони ман ку?

Дар бӯстони шодӣ ҳар кас ба чидани гул,
Он гул, ки нашкуфидаст дар бӯстони ман, ку?

Ҷонони ман сафар кард, бо ӯ бирафт ҷонам,
Боз омадан аз эшон пайдост, они ман ку?

Ҳарчанд дар камина нома ҳаменаярзам,
Дар номаи бузургон з-ӯ достони ман ку?

Ҳар кас ба хонумоне доранд меҳрубоне,
Ман меҳрубон надорам, номеҳрубони ман ку?