Эй бурда дили ману ҷафо карда

Эй бурда дили ману ҷафо карда,
Бо фурқати хеш ошно карда.

Охир ба ҷафо маро биёзурдӣ,
Дар аввали дӯстӣ вафо карда.

Рӯй аз ту, буто, чӣ гуна гардонам,
Пушт аз ғами ишқи ту дуто карда?

Эй ранҷи фироқи рӯю мӯйи ту
Ҷону дили ман зи ман ҷудо карда.

В-он гаҳ мани мустаманди бедилро
Дар меҳнати ошиқӣ раҳо карда.