GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 142. Дӯстон духтари раз тавба зи мастурӣ кард

Дӯстон духтари раз тавба зи мастурӣ кард,
Шуд сӯйи мӯҳтасибу кор ба дастурӣ кард.

Омад аз парда ба маҷлис, арақаш пок кунад,
То нагӯянд ҳарифон, ки чаро дурӣ кард?

Муждагонӣ бидеҳ, эй дил, ки дигар мутриби ишқ,
Роҳи мастона заду чораи махмурӣ кард.

На ба ҳафт об, ки рангаш ба сад оташ наравад,
Он чӣ бо хирқаи зоҳид майи ангурӣ кард.

Ғунчаи гулбуни васлам зи насимаш бишукуфт,
Мурғи хушхон тараб аз барги гули сурӣ кард.

Ҳофиз, афтодагӣ аз даст мадеҳ, з-он ки ҳасуд
Ирзу молу дилу ҷон дар сари мағрурӣ кард.

Ҳофизи Шерозӣ 143. Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард
Ҳофизи Шерозӣ 144. Ба сирри ҷоми Ҷам он гаҳ назар тавонӣ кард
Ҳофизи Шерозӣ 145. Чӣ мастист, надонам, ки рӯ ба мо овард?
Ҳофизи Шерозӣ 146. Сабо вақти саҳар бӯе зи зулфи ёр меовард
Ҳофизи Шерозӣ 147. Насими боди сабо дӯшам огаҳӣ овард
Ҳофизи Шерозӣ 148. Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад
Ҳофизи Шерозӣ 149. Дилам, ҷуз меҳри маҳрӯён, тариқе бар намегирад
Ҳофизи Шерозӣ 150. Соқӣ ар бода аз ин даст ба ҷом андозад
Ҳофизи Шерозӣ 151. Даме бо ғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад
Ҳофизи Шерозӣ 152. Дар азал партави ҳуснат зи таҷалло дам зад
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Ҳофизи Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР