Эй Эзид аз латофати маҳзат биёфарида

Эй Эзид аз латофати маҳзат биёфарида,
В-андар канори раҳмату лутфат бипарварида.

Лаълат ба ханда тавбаи каррубиён шикаста,
Ҷазъат ба ғамза пардаи рӯҳониён дарида.

Бар гулбуни амал чу ту як шох ношукуфта,
Дар бешаи азал чу ту як мурғ нопарида.

Машшотагони олами улвӣ зи рашки хаттат
Ҳурони хулдро ба ҳавас нил баркашида.

Эй сояи камоли ту бар шаш ҷаҳон фитода,
В-овозаи ҷалоли ту дар нӯҳ фалак шунида.

Эй аз хаёли рӯйи ту андар хаёли ҳар кас,
Моҳе дигар баромада, субҳе дигар дамида.

Дар орзӯи сояи қадди ту ҳар саҳаргоҳ
Фарёди хоки кӯи ту бар осмон расида.

Моро ба ройгон бихар аз мову доғ барнеҳ,
Эй дарди доғи ишқи туро мо ба ҷон харида.