Эй рухат рашки офтоб шуда

Эй рухат рашки офтоб шуда,
Офтоб аз рухат батоб шуда.

Офтобест он ду орази ту,
Зулфи ту пеши ӯ ниқоб шуда.

Зуд бинам, зи тири ғамзаи ту
Оламе сар ба сар хароб шуда.

Гарчи ҳаст, эй париваши маҳрӯ,
Бутгариро рухат маоб шуда.

Ҳаст бар оташи ғами ҳаҷрат
Ҷигари Анварӣ кабоб шуда.