Ҳаргиз аз дил хабар надоштаӣ

Ҳаргиз аз дил хабар надоштаӣ,
Бар дилам ранҷ аз он гумоштаӣ.

Сипар афканда осмон то ту,
Рояти ҷавр барфароштаӣ.

Кӣ хӯрад бар зи ту, ки ту ҳаргиз
Тухми пайванди кас надоштаӣ.

Ҳамраҳӣ ҷустаӣ зи ман в-он гаҳ
Дар миёни раҳам гузоштаӣ.