То дили ман бурдаӣ, қасди ҷафо кардаӣ

То дили ман бурдаӣ, қасди ҷафо кардаӣ,
Не бари ман будаӣ, не ғами ман хӯрдаӣ.

Ҳаст ба наздики халқ ҷурми ману ту падид,
Ман рухи ту дидаам, ту дили ман бурдаӣ.

Эй зи мани дилшуда бе гунаҳе сар матоб,
Ё хабаре боз деҳ, гар зи ман озурдаӣ.

Дил бибарӣ в-он гаҳе бозкашӣ дил зи ман?
Ман на дар ин пардаам, гар ту дар ин пардаӣ.

Чун ба ту дорам умед, рӯй магардон зи ман,
З-он, ки маро пеш аз ин чун на чунин кардаӣ.