Саҳл мегирам, чу бо мо кардаӣ

Саҳл мегирам, чу бо мо кардаӣ,
Гарчи мегирам, ки амдо кардаӣ.

Ман худ аз савдои ту саргаштаам,
Ҳар замон бо ман чӣ сафро кардаӣ?

Киштии сабрам шикаста аз ғамат,
Чашмам аз хуноба дарё кардаӣ.

Ҷон нахоҳам бурд имрӯз аз ту ман,
Васлро чун ваъда фардо кардаӣ.

Нози дигар мекунӣ ҳар соате,
Шод бош, аҳсант, зебо кардаӣ.

Рӯи хубатро басе пуштӣ зи мӯст,
Ин далериҳо аз он ҷо кардаӣ.

Анварӣ чун дар сари кори ту шуд,
Бар сари халқаш чӣ расво кардаӣ.