Бар маҳ аз анбар узор овардаӣ

Бар маҳ аз анбар узор овардаӣ,
Бар паранд аз мушк мор овардаӣ.

Бар ҳарир аз қир нақш афкандаӣ,
Бар гул аз сунбул нигор овардаӣ.

Ҳар чӣ хубонро ба кор ояд зи ҳусн,
Дар хати мушкин ба кор овардаӣ.

Беш рух манмой, к-андар кори тан
Рӯҳро чун зеру зор овардаӣ.

Дӯш мекардӣ ҳисоби ошиқон,
Анвариро дар шумор овардаӣ?!