Доман андар пойи сабр овардаӣ

Доман андар пойи сабр овардаӣ,
Пас ба бедод остин бар кардаӣ.

Ҳар замон гӯйӣ чӣ хӯрдам з-они ту,
Беш аз ин чӣ б-вад, ки хунам х(в)ардаӣ.

Як ба дастам кам кун аз оҳанги ҷавр,
Гар на бо айём дар як пардаӣ.

Хун ҳамерезию фориғ меравӣ,
Бозии некӯ ба кӯ овардаӣ.

Боре аз хуни манат гар чора нест,
Ҳам ту, к-аш чун ҳам туам парвардаӣ.

Анварӣ, худкардаро тадбир чист?
Заҳр ханду хун гирӣ, худ кардаӣ!