Ҷоно, ба камоли суратеӣ

Ҷоно, ба камоли суратеӣ.
Дар ҳусну ҷамол оятеӣ.

Васфи рухи ту чӣ гуна гӯям,
Медон, ки ба рух қиёматеӣ.

Бо васли ту мулки Ҷам нахоҳам,
Зеро, ки тубеҳ зи мулкатеӣ.

Инсоф агар диҳем, ҷоно,
Ороста хуб суратеӣ.

Гуфтӣ, ки туроам, Анварӣ, бош,
Лекин чӣ кунам, ки соатеӣ.